Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорон хостори таъмини дастрасӣ ба Facebook шуданд


Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ҳамроҳ бо Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақил, созмони Медиа Алянс ва Бунёди ёдбуд ва пуштибонӣ аз ҳуқуқҳои хабарнигорони Тоҷикистон аз ҳукумат хостори таъмини дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва дигар торнамоҳои интернетӣ шуданд.

Дар изҳороти муштараки онҳо, эҷоди монеъа дар дастрасӣ ба ин торнамоҳо чун поймолсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти иттилоъ арзёбӣ шудааст.

Аз ҳафтаи гузашта бо амри хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бархе аз провайдерҳо дастрасӣ ба чанд торнамо, аз ҷумла, ба Facebook-ро қатъ карданд.

Ахиран Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо низ аз мақомоти Тоҷикистон хост, то қарори манъи дастрасӣ ба ин торнамоҳоро лағв кунад.
XS
SM
MD
LG