Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин бор одамон делфинҳоро наҷот доданд


Акс аз навори видео.
Акс аз навори видео.

Дар регзори соҳил, дар Бразилия одамон зиёда аз 30 делфинро, ки мавҷ берун афканда буд, наҷот доданд.

Табиатшиносон мегӯянд, одатан делфинҳо одамонро наҷот медиҳанд, вале ин дафъа худ ба кӯмак мӯҳтоҷ шудаанд. Ба эҳтимоли зиёд мавҷи қавие онҳоро аз уқёнус ба реги соҳил афканд ва камии об дар ин ҷо имкон надод, шино кунанд.

Аввал наҷотдиҳандагон ва сипас афроди дигаре, ки дар соҳил машғули истироҳат буданд, ба наҷоти делфинҳо пардохтанд.

Қиссаҳои наҷоти инсонҳо аз тарафи делфинҳо дар осори таърихӣ ва адабӣ зиёд вомехӯрад. Шоири саршиноси тоҷик Мирсайид Миршакар дар бораи делфинҳо қиссае бо номи “Дурдонаи Амрита” навиштааст. Дар он низ саҳнае тасвир шудааст, ки делфинҳо ҷавонеро, ки аз киштӣ афтодаву ғарқ мешуд, ба соҳили ҷазирае мерасонанд. Дар "Одиссея"-и Ҳомер низ саҳнае ҳаст, ки делфинҳо ба киштии раҳгумзада роҳ нишон медиҳанд ва сарнишинони онро аз фалоҳат нигоҳ медоранд.

Аммо рӯйдоди боварнакардании наҷоти қариб 30 делфинро дар ин наворе бинед, ки рӯзи 7-уми март дар шабакаи Ютюб нашр шуда, дар фурсати кӯтоҳ бинандаи зиёде пайдо кард. Навор аз манзараи муқаррарии соҳил ва пайиҳам ба регзор расидану ақиб рафтани мавҷҳо сар мешавад ва зоҳиран, дар оғоз таассуроте ҳосил мегардад, ки воқеаи ғайриоддие рӯй нахоҳад дод. Аммо баъд аз он... Беҳтар аст, худ бубинед ва қазоват кунед...

Агар дар бораи ин воқеа фикру андешае доред, лутфан, ба мо бинависед.

XS
SM
MD
LG