Пайвандҳои дастрасӣ

Зардорӣ ба Душанбе меояд. Барои Наврӯз ва ифтитоҳи бонк


Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Дар ҷараёни сафари расмии раисиҷумҳури Покистон ба Тоҷикистон, ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ин бора дар мулоқоти вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар бо сафири Тоҷикистон дар Исломобод Зубайдулло Зубайдов сухан рафт. Осиф Алӣ Зардорӣ дар ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Зубайдулло Зубайдов ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки хонум Кҳар аз сатҳи робитаҳои сиёсии миёни Душанбеву Исломобод изҳори қаноатмандӣ кард ва аммо афзуд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ дар сатҳи пойин қарор доранд.

Хонум Кҳар сабаби заъифии робитаҳои иқтисодиро бо он омил марбут кардааст, ки созиш миёни ҳукуматҳои Покистону Тоҷкиистону Афғонистон оид ба транзити молу коло аз тариқи қаламрави се кишвар то ҳол имзо нашудааст. Ӯ изҳори умедворӣ намудааст, ки ин мавзӯъ дар ҷараёни мулоқоти сегонаи Эмомалӣ Раҳмон, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай дар шаҳри Душанбе ҳаллу фасл мешавад.

Дипломати тоҷик афзуд, ки хонум Кҳар ба ифтитоҳи намояндагии Бонки миллии Покистон дар Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз ишора карда, онро гоми муҳим дар рушди тиҷорати ду кишвар номид.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Зубайдулло Зубайдов, қарор аст, ки аз охирҳои моҳи март ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Исломобод-Душанберо шурӯъ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG