Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон панҷ зина поин шуд


Тоҷикистон дар феҳристи навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) панҷ зина поин шуд (145-ум).

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистону Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 12.Русия. 44.Арманистон. 47.Эстония. 49.Украина. 67.Узбакистон. 69.Беларус. 74.Гурҷистон. 78.Латвия. 91.Литва. 116. Озарбойҷон. 142. Қазоқистон. 143. Молдова. 145. Тоҷикистон. 166.Туркманистон. 192. Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания байни 208 тими миллӣ мисли пешин дар феҳристи навини FIFA дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Уругвай, Бразил, Инглистон, Португол, Аргентина, Итолиё ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 21-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Австралия (дар феҳристи ҷаҳонӣ 20-ум), Кореяи Ҷанубӣ (30), Ҷопон (33), Эрон (51), Узбакистон (67), Чин (68), Ироқ (76), Урдун (83), Қатар (88) ва Арабистони Саудӣ (88).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG