Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳонӣ: Нозирони МАГАТЭ шояд вориди Порчин шаванд


Алӣ Аҳонӣ, сафири Эрон дар Порис, дар сӯҳбат бо радиои Фаронса гуфт, ки Теҳрон шояд ба нозирони байнулмилалӣ барои вуруд ба муассисаи ҳастаии Порчин иҷоза диҳад.

Аз ин пеш панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон аз мақомоти Эрон даъват намуданд, ки дастрасии нозирони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ ба муассисаи Порчинро таъмин кунанд. Ҳадс зада мешавад, ки маҳз дар ин ҷо озмоишҳо барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ сурат мегиранд.
Раиси МАГАТЭ Юкио Амано гуфт, ки нозирон то ҳол иҷозаи вуруд ба Порчинро дарёфт накардаанд.

Дирӯз Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, эълом дошт, ки дар ҳафтаҳои наздик кишвараш ба муассисаҳои ҳастаии Эрон ҳамла нахоҳад кард, вале ин имкон дар оянда истисно нест.
XS
SM
MD
LG