Пайвандҳои дастрасӣ

Бисёриҳо рад намекунанд, ки дурӯғ гуфтаанд. Аммо барои "сафед" кардани худ "далел"-е ҳам доранд.

Онҳо мегӯянд, ё аз ночорӣ ва ё ба хотири наранҷонидани нафари барояшон наздик аз дурӯғ истифода кардаанд.

Ин гурӯҳи одамон дар ин маврид бештар ба мақоли "дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез" таъкид мекунанд.

Теъдоди хеле ками мардум мегӯянд, ки боре ҳам дар умри худ дурӯғ нагуфтаанд. Онҳо "дурӯғро торикии имон" меҳисобанд.

Аммо бештари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ба дурӯғ нагуфтани одамон дар ин замона бовари камтар доранд. Зеро ба гуфтаи онҳо, аксарият ҳатто ба номи Худованд қасам хӯрда, вале пас аз чанд лаҳза онро мешикананд ва ё коре бар хилофи он анҷом медиҳанд.

Ин аст, ки ба гуфтаи баъзе аз сокинони Душанбе шароити мушкили зиндагӣ дар кишвар ҳатто як идда аз мақомдорони тоҷикро маҷбур кардааст, то дар бархе мавридҳо аз дурӯғ кор гиранд ва ё коре кунанд, ки онҳоро дар назари мардум ҳамчун дуруғгӯ ё ваъдахилоф ҷилва бидиҳад.

Дар навори видеоии "Озодӣ" хоҳед дид, ки чӣ гуна ҳамсӯҳбатони мо дуруғгӯии худро пинҳон намедоранд ва сабаби онро ҳам шарҳ медиҳанд. Вале худи Шумо боре ҳам дурӯғ гуфтаед? Барои кӣ ва чаро? Ҳақиқати ҳолро бо мо дар миён бигузоред.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG