Пайвандҳои дастрасӣ

Қудратҳои ҷаҳонӣ аз Эрон хостаанд, ки бидуни ҳеҷ шарту шароит ба музокироти “ҷиддӣ” роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш бипардозад.

Ин дархост дар эъломияи муштараки мудирони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ рӯзи панҷшанбе дар Вена аз сӯи Амрико, Чин, Русия, Фаронса, Британия ва Олмон ба нашр расид.

Қабл аз ин эъломия, рӯзи сешанбе гурӯҳи 5 бар иловаи 1 дар посух ба пешниҳоди охири моҳи феврали Эрон дар бораи азсаргирии музокирот ризоят дод. Эрон дар пешниҳоди худ гуфта буд, ки ба музокирот розист, ба шарти ин ки ба Эрон эҳтиром қоил шаванд, то барномаҳои сулҳомези ҳастаии худро идома диҳад. Ин кишвар иддао мекунад, ки дар барномаҳои ҳастаиаш эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ пешбинӣ нашудааст.

Дар бораи вақт ва маҳалли музокироти кишварҳои нерӯманди ҷаҳон бо Эрон то ҳол тафсилот ба нашр нарасидааст. Охирин музокироти онҳо моҳи январи соли 2011 дар Истамбули Туркия ба нокомӣ рӯбарӯ шуд ва натиҷа надода буд.

Алӣ Асғар Султония-намояндаи Эрон дар Ожонси байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ

Алӣ Асғар Султония-намояндаи Эрон дар Ожонси байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ

Алӣ Асғар Султония, намояндаи Эрон дар Ожонси байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ рӯзи панҷшанбе дар Вена гуфт, Теҳрон омода аст, ки музокиротро бо ин ниҳоди СММ идома диҳад. Вале вай дар бораи ин музокирот ҷузъиёт надод: “Мо омодаем ҳамкориро бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ идома диҳем, ба шарти ин ки он гуна, ки ман гуфтам, котиботи ин ожонсӣ интизоротро дунбол кунад, онро ба иҷро расонад ва бо ҷониби Эрон бетарафона кор барад.”

Эрон дар гузаштаҳо ба бозрасони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ иҷоза надода буд, ки аз корхонаи ҳастиаш дар Порчин боздид кунанд. Вале дар авоили ҳамин сол матбуоти Эрон бар ин нукта ишора кард, ки ҳоло бозрасон метавонанд аз ин корхона боздид кунанд.

Бо вуҷуди ин, рӯзи панҷшанбе дар Вена Юкио Амано-раиси ин ожонс ба матбуот гуфт, ки то ҳол Эрон аз ин ниҳоди СММ ба таври расмӣ даъват накардааст, ки бозрасонро ба корхонаи ҳастаии Порчин иҷоза медиҳад: “Ожонсӣ бояд мутмаин бошад, ки дар фаъолияташ монеа пеш намеояд. Агар ба ожонсӣ маҳдудиятҳои зиёд пеш гузошта шавад, дар он сурат мо наметавонем кори худро комилан иҷро кунем.”

Юкио Амано

Юкио Амано

Амано дар аввали ҳафта ҷорӣ изҳор дошт, ки Эрон нишонаҳои баъзе фаъолиятҳои ҳастаиро дар корхонаи Порчин аз байн бурдааст, ба ҳамин сабаб ҳар қадар боздиди бозрасон зудтар сурат бигирад, ба ҳамон андоза беҳтар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол Алӣ Хоманаӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон аз тавзеҳоти Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико истиқбол кард. Обама гуфт, роҳи ҳали дипломатии масъала беҳтар аз роҳи ҳали низомист. Рӯзи сешанбе Обама аз ононе интиқод кард, ки бо Эрон ба истилоҳ “табли ҷанг” мезананд.

Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ гуфтааст, суханони Обама “хуб аст ва роҳи бурунрафт аз ин сардаргумӣ мебошад”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG