Пайвандҳои дастрасӣ

CPJ аз Хадиҷа Исмоилова дифоъ кард


Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ё CPJ таҳдид ба Хадиҷа Исмоилова-рӯзноманигори бахши озарии радиои Озодиро маҳкум кард. Исмоилова чун рӯзноманигори муҳаққиқ дар Озорбойҷон шинохташуда аст ва ришвахорӣ дар сатҳи болои доираҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла дороиҳо ва тиҷорати пинҳонии хонаводаи Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури ин кишварро дар матбуот ба нашр расондааст. Исмоилова 7 март номае дарёфт кард ва дар он ҳушдор дода шуда буд, ки ба истилоҳ “агар вай худро надорад, шарманда хоҳад шуд”. Исмоилова ин номаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонд ва гуфт, ки хомӯш нахоҳад шуд ва ба кори худ идома хоҳад дод, зеро кори вай ҳақ аст. Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон Исмоиловаро рӯзноманигори шуҷоъ ва машҳури мустақил арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG