Пайвандҳои дастрасӣ

Ду муҳандиси аврупоӣ дар Нигерия кушта шуданд


Дар Нигерия дар ҷараёни амалиёти наҷоти гаравгонон ду муҳандис, яке британиявӣ ва дигаре италявӣ кушта шудаанд. Ин ду нафарро 10 моҳи пеш тундравҳо гаравгон гирифта буданд. Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷаи Британия, ин ҳодиса дар шаҳри шимолӣ-ғарбии Сокото рух додааст. Ин ду муҳандис барои як ширкати сохтмонии Италия кор мекарданд. Моҳи декабри соли гузашта гурӯҳе, ки онҳоро гаравгон гирифта буд, худро аз гурӯҳи “Ал Қоидаи назди Соҳил” муаррефӣ кард.
XS
SM
MD
LG