Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Қирғизистон бозии рафиқона анҷом медиҳанд


Федератсияҳои футболи Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифтаанд, ки дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони ин ду кишвар бозии рафиқона баргузор кунанд. Дар ин бора дар ҷараёни боздиди Нуртазин Ҷетибоев-Дабири кулли федератсияи футболи Қирғизистон аз Тоҷикистон ҳар ду ҷониб ёддошти тафоҳум имзо кардаанд. Тибқи ин санад, ҳамчунин ду довар аз Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишии доварони ФИФА дар Бишкек ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG