Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости САҲА аз Тоҷикистон роҷеъ ба "Фейсбук"


Созмони амнияту ҳамкории Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки аз тасмими худ дар бораи қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва чанд сафҳаи дигари интернетӣ даст кашад. Дар ин бора хабаргузориҳо иттилоъ додаанд. Дуня Миатович-масъули бахши озодии баёни ин созмон дар ин бора ба мақомоти Тоҷикистон номае фиристодааст. Ду маркази пешкашкунандаи хадамоти интернетӣ аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки дастрасӣ ба facebook.com, tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва ба zvezda.ru-ро бибанданд.
XS
SM
MD
LG