Пайвандҳои дастрасӣ

Қудратҳои ҷаҳон Эронро ба музокироти ҷиддӣ даъват карданд


Қудратҳои ҷаҳон аз Эрон хостаанд, ки бидуни ҳеҷ шарту шароит ба музокироти “ҷиддӣ” роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш бипардозад. Ин дархост дар эъломияи муштараки мудирони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ рӯзи панҷшанбе дар Вена аз сӯи Амрико, Чин, Русия, Фаронса, Британия ва Олмон ба нашр расид. Қабл аз ин эъломия рӯзи сешанбе гурӯҳи 5 бар иловаи 1 дар посух ба пешниҳоди охири моҳи феврали Эрон дар бораи азсаргирии музокирот ризоят дод. Эрон дар пешниҳоди худ гуфта буд, ки ба музокирот розист, ба шарти ин ки ба Эрон эҳтиром қоил шаванд, то барномаҳои сулҳомези ҳастаии худро идома диҳад. Ин кишвар иддао мекунад, ки дар барномаҳои ҳастаиаш эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ пешбинӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG