Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозии Питсбурги Амрико ду кас кушта шуд


Дар бемористони бемориҳои равонии донишгоҳи Пистбурги Амрико дар як тирандозӣ баъд аз нисфирӯзии панҷшанбе 2 нафар кушта, 7 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳои пулиси маҳаллӣ, яке аз кушташудагон марди мусаллаҳ будааст. То ҳол маълум нест, ки 7 нафари захмӣ кормандони бемористон ҳастанд, беморон ё аъзои хонаводаи онҳо. Маркази тиббии донишгоҳи Питсбург гуфтааст, ки баъзе афроди тирхӯрдаро ба он ҷо овардаанд, вале дар бораи шумораи онҳо ва вазъи саломтаии онҳо тавзеҳот надодааст.
XS
SM
MD
LG