Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Симин Донишвар-достоннависи бузург даргузашт


Симин Донишвар
Симин Донишвар
Симин Донишвар-достоннавис ва мутарҷими шинохтаи Эрон дар синни 90 солагӣ дар Теҳрон дар хонааш даргузашт. Симин нахустин раиси Анҷумани нависандагони Эрон буд ва нахустин зане буд, ки дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ ба достоннависӣ даст зад. Достони “Савушун”-и вай аз пурфурӯштарин ва маваффақтарин достонҳо буд, ки ба 17 забон тарҷума ва нашр шудааст. Аҳли адабу фарҳанги Эрон Симин Донишварро яке аз бузургтарин достоннависони Эрон медонанд.
XS
SM
MD
LG