Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: Нархи ғизо дар ҷаҳон моҳи дувум аст боло меравад


Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал гуфт, нархҳои байнулмилалии ғизо бори дувум аст дар ду моҳи охир боло мераванд. Ин ниҳод, ки дар Рум ҷойгир аст, чанд омил, аз ҷумла обуҳавои бад дар кишварҳои асосии содиркунандаро сабаби ин афзоиш номид. Нархҳо пас аз ним соли эътидол дар моҳи январ наздик ба 2 ва феврал 1 дарсад зиёд шудаанд. Дар айни ҳол бунгоҳи Созмони Милал пешгӯӣ кард, ки ҳосили ғалла имсол фаровон шуда ба 690 миллион тонна мерасад, ки каме камтар аз ҳосили рекордии соли 2011 аст.
XS
SM
MD
LG