Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО пирӯзиро ба Путин табрик гуфт


Дабири кулли НАТО Андрес фоғ Расмуссен дар як гуфтугӯи телефонӣ пирӯзӣ дар интихоботи президентиро ба Владимир Путин табрик гуфт. Дар изҳороти Паймони Атлантики Шимолӣ гуфта мешавад, Расмуссен ва Путин мувофиқат кардаанд, ки дар “ояндаи начандон дур” мулоқот ва равобити Русияву НАТО-ро баррасӣ кунанд. Путин гуфтааст, кишвараш хостори муносибатҳои хуб ва устувор бо НАТО-ст. Расмуссен умедвори созиши тарафҳо дар масъалаи сипари зиддимушакии НАТО дар Аврупо шудааст. Қарор буд, мулоқоти сарони ду ҷониб дар моҳи май дар Чикаго ҷараён гирад, вале ба таъхир афтод ва ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG