Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон мегӯяд, мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст


Тоҷикистон мегӯяд, аз таҳримҳои иқтисодии зидди Эрон ба ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон кӯмак карда нахоҳанд кард. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, кишвараш аз ин таҳримҳо пуштибонӣ намекунад. Ҳамтои эронии ӯ, Алиакбари Солеҳӣ дар ҳамин нишасти хабарӣ аз натиҷаи гуфтушуниди тарафҳо истиқбол кард ва гуфт, масъалаи бунёди роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Эрон ба воситаи Афғонистон ва пайвастани Қирғизистону Чин ба ин тарҳ дар меҳвари ин музокирот қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG