Пайвандҳои дастрасӣ

Ноиби вазири нафти Сурия ба тарафи мухолифон гузашт


Абду Ҳусамиддин, ноиби вазири нафти Сурия дар навори видео дар Ютюб

Абду Ҳусамиддин, ноиби вазири нафти Сурия дар навори видео дар Ютюб

Ноиби вазири нафти Сурия Абду Ҳусамиддин эълон кард, ки ба мухолифони ҳукумати Башор Асад мепайвандад. Ин аввалин мақоми баландпояи ғайринизомии ҳукумати Сурия аст, ки аз оғози шӯришҳои зидди режими Асад ба тарафи норозиён мегузарад. Дар наворе, ки Ҳусамиддин дар шабакаи Ютюб гузоштааст, вай мегӯяд, “ба инқилоби мардуме мепайвандад, ки беадолатӣ ва саркӯбгарии бераҳмонаи режим”-ро рад кардаанд. Як фаъоли мухолифон, ки ин наворро гирифтааст, ба хабаргузории Франс Пресс дар Бейрут гуфт, мухолифон истеъфои Ҳусамиддинро омода кардаанд. Ҳукумати Сурия ин истеъфоро шарҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG