Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарбаи офтоб ба нерӯгоҳҳо ва роҳнамоҳои моҳвораӣ


Коршиносон ҳушдор додаанд, ки тӯфони сахти хуршедӣ зарбаи кӯтоҳе ба сайёраи Замин хоҳад зад ва дар ҷараёни он мумкин аст, кори нерӯгоҳҳо, роҳнамоҳои моҳвораӣ ё системаҳои GPS ва хатти парвози ҳавопаймоҳо латма бинад. Кайҳоншиносони Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, зарраҳои нерӯманди бузургтарин шӯълазании офтоб дар панҷ соли охир бо суръати 4 миллион мил ё шашуним миллион километр дар соат ҳаракат карда, нимирӯзии панҷшанбе, ба вақти Гринвич ба замин расиданд. Интизор меравад, ки тӯфони офтобӣ то рӯзи ҷумъа идома мекунад. Олимон мегӯянд, таркишҳо дар офтоб дар Амрикои Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ дар шакли фаҷр бозтоб хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG