Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА кишварҳои асосии шустушӯи пулро номбар кард


Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Аргентина ва ду давлати ҷазирагии халиҷи Кариб – Куракао ва Сан-Мортин “кишварҳои асосии шустушӯи пули ҷиноӣ” мебошанд. Дар гузориши солонаи Стратегияи назорат бар маводи мухаддир, ки вазорат рӯзи панҷшанбе нашр кард, ин се кишвар мавриди нигаронии аввалиндараҷаи ҳуқуқӣ дониста шудаанд. 66 давлати дигар феҳрасти мавриди нигаронии ҷиддиро ташкил додаанд, ки Афғонистон, Австралия, Бразилия, Ҷазираҳои Кайман, Чин, Ҷопон, Русия, Уругвай ва Зимбабве аз ҷумлаи онҳоянд.
XS
SM
MD
LG