Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор соли "Рӯзи модар" дар Тоҷикистон


Соли чаҳорум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз 8-уми март ба унвони Рӯзи модар таҷлил мекунанд.

Дар гузашта ин рӯз ба унвони "Рӯзи байнулмилалии озодии занон" таҷлил мешуд, ки аз Шӯравӣ ба Тоҷикистон ба мерос монда буд. Аммо дар чаҳор соли қабл бо пешниҳоди раисиҷумҳур порлумони Тоҷикистон номи ин идро ба "Рӯзи модар" иваз кард.

Бо гузашти чаҳор сол, ҳанӯз мухолифатҳо бар сари "Рӯзи модар" ва "Рӯзи байнулмилалии озодии занон" дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Соли гузашта коммунистҳои Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки номи ин ид дубора ба "Рӯзи байнулмилалии озодии занон" тағйир дода шавад. Онҳо гуфтанд, агар давлати Тоҷикистон зарур донад, бояд рӯзи хосеро ба унвони Рӯзи модар бипазирад.

Бархе дигар низ ба ин назаранд, ки давлати Тоҷикистон набояд меросбари Шӯравӣ бошад ва танҳо бо дигар кардани ном, ҷашнҳои он замонро таҷлил кунад. Балки, гуфтаи онҳо, санаҳои хосеро дарёбад, ки моли таърихии давлату миллати тоҷик бошанд. Ин аст, ки як гурӯҳ аз рӯҳониён пешниҳод доранд, то рӯзи таваллуди яке аз занҳои бузурги дини Ислом, аз ҷумла ҳазрати Фотима, ба унвони Рӯзи модар эълом шавад. Пешниҳоде, ки пазируфтанаш барои мақомоти тоҷик чандон саҳлу сода ҳам нест.

Дар чанд соли ахир давлати Тоҷикистон талош кардааст, то дар канори расму оинҳои миллӣ ҷашнҳои расмии давлатиро низ танзим кунад ва ба онҳо ҳусну қубҳи тоза бахшад. Рӯзи модар аз ҷумлаи ин ҷашнҳои расмии давлатӣ аст, ки рӯзи таътил мебошад.

Бештари мардум, бахусус мардҳо дар Тоҷикистон аз Рӯзи модар истиқбол мекунанд ва аксари онҳо мегӯянд маҳз ин рӯз иди хос барои модарону занон ва духтарон аст, ки онҳо метавонанд модарону хоҳарон ва занони худро табрику кунанд ва тӯҳфаеро барояшон ҳадя созанд.

Албатта, дар муқобили 8-уми март, ки ҷашни занону модарон дар Тоҷикистон дониста мешавад, 23-юми феврал, ки рӯзи таъсиси Артиши Миллист, чун рӯзи мардҳо ёд мешавад.

Таҷлил аз Рӯзи модар дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG