Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи лафзӣ ба хабарнигори радиои Озодӣ дар Боку


Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова яке аз хабарнигорони бахши озарии радиои Озодӣ, ки дар Озарбойҷон ба унвони хабарнигори нотарси муҳаққиқ ном баровардааст, мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифтааст. Дирӯз Исмоилова номае дарёфт кард, ки дар он аксашро гузоштаанд ва навиштаанд: “Фоҳиша, худатро дор, вагарна шарманда мешавӣ”.

Исмоилова ин номаро дар “Фейсбук”-и худ гузоштааст ва навиштааст: “Ман бовар дорам ва тасмим гирифтаам, ки бар зидди ҳар гуна маъракаи бадномкунанда муқовумат мекунам”. Вай мегӯяд, бори аввал нест, ки бар зидди рӯзноманигорон ба чунин табаҳкориҳо даст мезананд. Исмоилова мустақиман аз раиси ҷумҳури кишвари худ хостааст, ки ба ин ҳодиса расидагӣ сурат бигирад ва амнияти вайро таъмин кунанд.

Стивен Корн-раиси радиои Аврупои Озод, радиои Озодӣ ин корро талоши нангини бадном кардани рӯзномагигорон дар ҷомеа номидааст ва гуфтааст, радио аз рӯзноманигор Хадиҷа ифтихор дорад, аз вай ва кораш ҳимоят мекунад. Ҳафтаи оянда Стивен Корн ба Боку-пойтахти Озарбойҷон меравад ва ин масъаларо бо мақомоти расмии ин кишвар баррасӣ хоҳад кард.

Исмоилова дар гузоришҳояш ришвахорӣ дар Озарбойҷон ва дороиҳои моливу моликияти Илҳом Алиев-раиси ҷумҳур ва аъзои хонаводаи вайро дар Дубай интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG