Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини вазири нафти Сурия истеъфо дод


Бино ба гузоришҳо, Абдуҳусомиддин -муовини вазири нафти Сурия аз мақоми худ истеъфо додааст ва гуфтааст, ки ба мухолифони режими Башор Асад мепайвандад. Изҳороти вайро дар бораи истеъфояш дар шабакаи YouTube гузоштаанд. Вай дар изҳороти видеоии худ гуфтааст, ба инқилоби мардуме мепайвандад, ки “беадолатӣ ва маъракаи бераҳмии режимро қабул надоранд”. Рамӣ-як фаъоли Сурия, ки навори изҳоротро дар шабакаи YouTube гузоштааст, дар Бейрут ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки мухолифон заминаи ин истеъфоро фароҳам кардаанд. Абдуҳусомиддин болотарин мақоми ҳукуматии Сурия аст, ки аз мақоми худ истеъфо додааст.
XS
SM
MD
LG