Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Маскав ба тазоҳуроти эътрозӣ иҷоза додааст


Мақомоти шаҳри Маскав замонат доданд, ки барои баргузории тазоҳуроти эътирозии зидди Путин дар охири ҳафта иҷоза хоҳанд дод. Рӯзи чаҳоршанбе муовини шаҳрдори Маскав гуфт, ки ин тазоҳурот рӯзи шанбе, 10 март дар майдони Арбат баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин тазоҳурот ҳудуди 50 ҳазор нафар ширкат ҷӯянд. Ба баргузории ин тазоҳурот дар ҳоле иҷоза додаанд, ки Путин гуфт, кормандони пулис дар ҷараёни тазоҳуроти гузаштаи мухолифон худро чун корманди “касбӣ” нишон додаанд. Фаъолони мухолифон мегӯянд, пулис дар тазоҳурот барои боздошти онҳо аз асоҳои резинӣ ва зӯр истифода кардааст.
XS
SM
MD
LG