Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистон аз ширкат дар Евровидение даст мекашад


Арманистон эълон кард, ки ин кишвар ба нақша гирифтааст, то ширкат дар озмуни Евровидение 2012-ро бойкот кунад. Ин озмун дар Озарбойҷони ҳамсоя баргузор мешавад ва ин ду кишвар бо якдигар равобити хуб надоранд. Гагик Бунатиён-раиси телевизиони иҷтимоии Арманистон, ки ба омода кардани таронаи Евровидение машғул аст, ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки овозхони Арманистон имсол барои ширкат дар ин озмун ба Боку намеравад. Вай дар бораи ин тасмим ҷузъиёти дигаре баён накард. Озарбойҷону Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳистонӣ аз солҳост бо ҳам мухолифат доранд.
XS
SM
MD
LG