Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилоли Аҳмар вориди шаҳри осебдидаи Ҳумс шуд


Валерӣ Амос
Валерӣ Амос
Ба хонум Валерӣ Амос-раиси ҳуқуқи башари СММ ва ҳайате аз Ҳилоли Амари Сурия иҷоза додаанд, ки аз Бобо Амри Ҳомс боздиди кӯтоҳ ба амал оранд. Ҳомс пойгоҳи мухолифони режими зидди Башор Асад дар Сурия ба шумор меравад. Ҳичам Ҳасан-сухангӯи Салиби Сурхи Байналмиллалӣ дар Женева ба рӯзноманигорон гуфт, ки хонум Валерӣ Амос ва ҳайати Ҳилоли Аҳмари Сурия танҳо 45 дақиқа дар Бобо Амр будаанд, вале дар ин чанд дақиқа дидаанд, ки сокинон тақрибан дар шаҳр зиндагӣ намекунанд ва ба шаҳракҳои атроф фирор кардаанд. Мақомоти расмии Сурия дар оғоз ба Амос иҷоза надода буданд, ки аз Сурия боздид кунад. Ҳоло вай дар ҷараёни боздиди серӯзаи худ талош хоҳад кард, то гурӯҳҳои имдодрасонӣ ба минтақаҳои осебдида дастрасӣ пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG