Пайвандҳои дастрасӣ

Русия барои марказҳои машқ аз Либия интиқод кард


Виталий Чуркин

Русия рӯзи чаҳоршанбе дар иҷлоси Шӯрои Амнияти СММ Либияро муттаҳам кард, ки барои размандагони мухолифони давлати Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия марказҳои тамрин боз кардааст. Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ дар ин иҷлос гуфт, Русия далоиле дар даст дорад, ки Дар Либия марказҳои вижаи машқи инқилобиёни Сурия фаъолият мекунад. Баъд аз машқ ин афрод ба Сурия фиристода мешаванд, то ба ҳукумати қонунии кишвари худ ҳамла кунанд. Чуркин гуфт, “чунин фаъолиятҳо сулҳу субот дар Ховари миёнаро ба ҳам мезанад”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG