Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихтирои роботи чолоктарин дар ҷаҳон


Муҳандисони амрикоӣ як навъи юзпалангеро офаридаанд, ки дар як соат фақат 29 километр медавад, вале бо ҳам чолоктарин юзпаланги сунъӣ дар ҷаҳон аст. Юзпаланги офаридаи муҳандисони амрикоӣ зинда нест, балки роботест, ки бо ин суръати тез ҳаракат мекунад, суръате, ки то кунун дигар роботҳо надоштаанд. Ширкати Бостон Дайнамикс, ихтироъкори ин юзпаланг бо нашри баёнияе гуфт, офаридаи онҳо рекорди роботи дупояро шикаст, ки соли 1989 дар Пажӯҳишгоҳи Технологии Массачусетс сохта буданд ва он дар як соат 21 километр ҳаракат мекард. Суръати роботи юзпаланг, ки 29 километр дар як соат медавад, аз суръати миёнаи ҳаракати инсон хеле зиёд аст, аммо боз ҳам наметавонад, Усайн Болт, барандаи нишони тиллоти бозиҳои олимпӣ аз Ямайкаро пеш гузарад, ки ӯ тавонист, дар як соат 45 километр бидавад. Бо ин суръат Усайн Болт метавонад, дар як соат аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода бирасад, аммо роботи чаҳорпои юзпаланг дар ин муддат қодир аст, танҳо аз Душанбе ба ноҳияи Шаҳринав мерасад.
XS
SM
MD
LG