Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломи иттиҳомоти расмӣ ба Брейвик


Додситонҳои Норвегия Андерс Беҳринг Брейвикро расман ба террор ва қатли тақрибан 80 нафар муттаҳам карданд. Эъломи иттиҳомоти расмӣ баъди бештар аз ҳафт моҳи ин хунрезӣ сурат гирифт, ки худи Брейвик ба он иқрор шудааст. Муфаттишон мегӯянд, Брейвики 33-сола эътироф кард, ки 22 июл аввал як бомбро дар як хиёбони Осло пойтахти Норвегия мунфаҷир карда 8 нафарро кушт ва баъдан ба ӯрдугоҳи аъзои ҷавони Ҳизби Коргар дар ҷазираи Утоя рафт ва дар онҷо 69 нафарро бо силоҳи оташфишон ҳалок кард. Андерс Беҳринг Брейвик гуфтааст, ӯ бегуноҳ аст ва аз ин роҳ хостааст, ҳукумати Норвегияро барои "меҳрубониаш" бо муҳоҷирон ҷазо диҳад.
XS
SM
MD
LG