Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мехоҳад, дар муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати камтарро бо иқтисодиёти бештар биомезад.

Қарор аст сохторе таъсис ёбад, ки риштаҳои мухталиферо аз ҳамкориҳои зидди маводи мухаддир гирифта, то сармоягузорӣ ба соҳаи обу энержии Осиёи Марказиро фаро бигирад.

Тарҳи мазкур аз тарафи Виктор Иванов, раиси Хадамоти федеролии Русия дар мубориза бо қочоқи маводи мухадир пешниҳод шуда, стратегияи нави ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказиро тарҳрезӣ кардааст, ки хулосаи ниҳоии он ҳифзи манфиатҳои Русия дар ин минтақа бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ ва тиҷоратист. Тарҳи нав пайванди сармоягузориҳои омехтаи давлатию хусусӣ ва пешбурди "сиёсатҳои нарму бисёрсамтӣ"-ро дар назар дорад.

Ба иттилои рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав, ин тарҳ ҳанӯз дар охирҳои моҳи январ ба сарвазири Русия Владимир Путин пешниҳод шудааст. Путин онро барои баррасӣ ба вазоратҳои умури хориҷӣ, молия ва иқтисодиёти Русия супурдааст. Дар сурати пазируфта шудани тарҳ бояд Ширкати бози саҳҳомие таъсис ёбад, ки ҳамаи ҳамкориҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамоҳанг намояд. Ҷаноби Иванов мегӯяд, ин тарзи кор дар Қафқоз бо таъсиси Корпоратсияи рушди Қафзоқи Шимолӣ таҷриба шуда, натиҷаҳои шоён додааст.

Ин тарҳ бозгашт ба сохтори ягонаи обу энержии замони Шӯравиро пайгирӣ мекунад ва бо ин ҳадаф назорат бар ду нирӯгоҳи бузурги минтақавӣ -- Қамбаротаи Қирғизистон ва Роғуни Тоҷикистонро дар назар дорад. Он бахше аз барномаи таъмини амнияти энержӣ ва хӯроквории Осиёи Марказӣ номида шудааст. Бино бар он бояд чанд корхонаи бузурге сохта шавад, ки ниёзҳои минтақаро ба озуқа ва коло бароварда созад. Зимнан пешниҳоди ҷаноби Иванов ба тарҳи Иттиҳоди Авруосиё, ки худи Путин ба миён гузоштааст, ҳамоҳангӣ мекунад. Вай пешниҳод кардааст, ки иҷрои тарҳ бо сармоягузории ибтидоии 200 миллиард рубл ва ё наздик ба 70 миллион доллар оғоз ёфта, ҳамзамон бо пешрафти он ҷалби сармояҳои давлатӣ ва хусусӣ хазинаи онро густариш диҳанд.

Ин тарҳи ғайриинтизор ба думболи барномаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон шуд, ки мехоҳад ҳамдастии кишварҳои Осиёи Марказиро дар мубориза бо маводи мухаддир мустаҳкам кунад. Русия, ки худро аз “хӯҷаинҳо”-и асосии Осиёи Марказӣ мешуморад, ин тарҳи Амрикоро қабул надорад.

Гузашта аз ин ҳамкориҳои кишварҳои ғарбӣ бо давлатҳои Осиё Марказӣ, ки умдатан дар заминаи кӯмакҳои молӣ ба Абдунабӣ Сатторзода

Абдунабӣ Сатторзода

ин давлатҳо сурат мегиранд, Русияро нигарон кардааст. Аз эҳтимол дур нест, ки тарҳи нави “сармоягузориву ҳамкорӣ” талоши тағйири шеваи кори Кремл дар минтақа бошад.

Тайи чанд соли гузашта Тоҷикистону Қирғизистон нерӯгоҳҳои ёдшударо борҳо ба самоягузорони рус пешниҳод карданд, аммо ба иллатҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, натавонистаанд, таваҷҷӯҳои онҳоро ҷалб кунанд. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамаи кишварҳои минтақа нуфузи Русия бар сутуни сиёсат устувор аст, на иқтисодиёт.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, раиси Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Маркази стротегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки воқеан "бӯй"-и ин барномаи пешниҳодӣ, ки ба назар ғайримунтазира мерасад, қаблан аз мақолаҳои пешазинтихоботии Путин баромада буд:«Он кореро Русия дар Қирғизистон кард, оғози ҳамин қадамҳоест, ки минбаъд дар минтақа бардошта хоҳад шуд. Яъне «лоиҳаи Путинӣ» дар Қирғизистон амалӣ гашт, ва онро мехоҳанд дар кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва дар Қафқоз амалӣ кунанд.»

Ба назари ҷаноби Сатторзода, ҷолибтар ин аст, ки дар ин лоиҳаи сармогузорӣ ва ҳамкории Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна ҳадафи геополиткӣ ва сиёсати хориҷии Маскав рӯшан баён дошта шудааст, вале инро аз роҳи як ниҳоди комилан ғайрисиёсӣ пешинҳод кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG