Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи ифшо шудани асноди сиррии Тоҷикистон


Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ба таҳқиқи қазияи ифшои санадҳои сиррие пардохтаанд, ки нашри онҳо ҳукумати Тоҷикистонро дар вазъи ногуворе қарор дод. Дар ин бора Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, субҳи чаҳоршанбе сӯҳбат кард. Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Дар ин масъала прокуратураи генералӣ санҷиш дорад ва ҷавоб мегардонад”. Торнамои иттилоъотии русӣ zvezda.ru чанде пеш мақолаеро бо номи “Тоҷикистон дар остонаи инқилоб” ва асноди сиррие аз як ҷаласаи ниҳодҳои интизомӣ нашр кард, ки гӯё дар он аз мақомот хоста шудааст, монеъи афзоиши нуфузи Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Тоҷикистон шаванд. Агарчӣ ҳукумат нашри санадҳоро шарҳ надод, аммо торнамои мазкурро ҳамроҳ бо Фейсбук ва чанд торнамои дигар баст, ки ин аснодро дар онҳо метавон ёфт.
XS
SM
MD
LG