Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кемерон: "Имрӯз рӯзи бисёр ғамангез барои мост"


Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, зоҳиран шаш сарбозаш дар Афғонистон бар асари инфиҷори зиреҳпӯшашон кушта шудаанд. Ба гуфтаи вазорат, мошини сарбозон дар вилояти ҷанубии Ҳилманд зимни гаштзанӣ ба бомб бархӯрдааст. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, ин талафотро ёдоварии дигар аз фидокории сарбозони кишвараш ба хотири овардани сулҳу субот дар Афғонистон хонд: " Ин як рӯзи бисёр ғамангез барои кишвари мо ва бахусус барои хонаводаҳои қурбониён аст. Ин як ёдоварии дигар аз қимати гаронест, ки мо зимни кори худ дар Афғонистон мепардозем, фидокорие, ки сарбозони мо кардаанд ва ҳамчунон мекунанд." Бритониё аз соли 2001 то кунун дар Афғонистон тақрибан 400 сарбозашро талаф додааст. Бритониё дар Афғонистон нӯҳуним ҳазор сарбоз дорад ва қарор аст, нерӯҳои ҷангиаш то охири соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG