Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна дар талоши ба даст овардани роҳхати олимпӣ


Мавзуна Чориева, қаҳрамони бокси Осиё ва беҳтарин муштзани қора миёни занон, дар айни ҳол ба сабқати қитъавӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон омодагӣ мебинад.

Ин муштзани маъруфи тоҷик ду сол муқаддам дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм медали тилло ба даст оварда буд.

Мавзуна зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз пеш аз шаҳри Маскав баргаштааст. Ӯ дар он ҷо ҳамроҳи устодаш Мирзо Шамсиев ва муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов тамрин карда, инчунин дар як мусобиқа пирӯзӣ ба даст овардааст.

Мавзунаро ду мусобиқаи пурнуфуз дар пеш аст. Ӯ нахуст нимаи моҳи март дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад, баъдан моҳи май дар сабқати ҷаҳонӣ дар Чин барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош хоҳад кард.
Варзишгароне, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар се вазн - 51, 60 ва 75 килограмм ҷойҳои аз 1-ум то 8-умро мегиранд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мешаванд.

Мавзуна Чориеваи 19-сола, донишҷӯи соли севуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мегӯяд, “орзуи ягонаи ман ба даст овардани роҳхати олимпӣ мебошад.”

Мо бо Мавзуна Чориева дар тамрингоҳаш – толори бокси мактаби миёнаи рақами 37-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат шудем.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:05 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG