Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Русия барои тазоҳурот иҷоза гирифтанд


Мақомоти шаҳри Маскав иҷоза додаанд, ки на бештар аз 50 ҳазор нафар дар тазоҳуроти мухолифин дар рӯзи шанбе алайҳи даври саввуми раёсати ҷумҳури Владимир Путин дар Русия ширкат кунанд. Александр Горбенко, муовини шаҳрдори Маскав ба радиои Эхо Москви гуфтааст, тазоҳурот дар майдони Арбат баргузор мешавад. Мухолифони давлати Русия бори саввум аст, ки алайҳи ҳукуматдории Путин ва интихоботи баҳсбарангези порлумонӣ тазоҳурот мекунанд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи 4 март, нахуствазир Владимир Путин пирӯз эълом шуд ва шоми душанбе ҳудуди 15 ҳазор ба ҳимоят аз ӯ раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG