Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арманистон дар Евровижн-2012 ширкат намекунад


Арманистон эълом кард, ки дар озмуни байналмилалии мусиқии Евровижн -2012, ки дар Озарбойҷон, рақибу ҳамсояи Арманистон баргузор мешавад ширкат намекунад. Гагик Бунатиён, мудири Телевизионии Ҷамъиятии Арманистон, баргузоркунандаи озмун барои интихоби номзад ба Евровижн гуфт, сарояндагони арманӣ ба Боку нахоҳанд рафт, вале сабаби инро шарҳ надод. Моҳи феврал 20 сарояндаи арманӣ бо нашри баёнияе гуфтанд, ки ба хотири онки як сарбози арманиро, тирандози озарӣ дар марзи ду кишвар кушт, намехоҳанд дар озмуни Евровижн -2012 ширкат кунанд. Озарбойҷону Арманистон, ки барои Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Қаробоғ, як вилояти умдатан арманишини Озарбойҷон ҷангидаанд, 30 сол боз аст натавонистаанд, роҳи ҳалли ин муноқишаро пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG