Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Митт Ромни дар раъйдиҳии муҳиме дар Амрико


Митт Ромни довталаб унвони номзадӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико дар як раъйдиҳии муҳими дохилиҳизбӣ раъйи аксариятро соҳиб шуд. Митт Ромни 38 дар сади раъйи ҷумҳурихоҳон дар Оҳайоро ба даст овард, ки як дар сад бештар аз орои рақибаш Рик Санторум аст. Ҳамчунин аксарияти ҷумҳурихоҳон дар аёлатҳои Масачусетс, Вермонт, Вирҷния ва Айдаҳо ба тарафдории Ромнӣ раъй додаанд. Вале бо вуҷуди ин пирӯзиҳо, Ромни натавонист раъйи кофӣ барои пирӯзии комил ва соҳиб шудан ба номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрикоро ба даст орад. Рик Санторум ва Нют Гингрич, низ бо пирӯзӣ дар иёлатҳои дигар ҳанӯз ҳам дар рақобат барои номзад аз шудан аз ҳизби худ мемонанд.
XS
SM
MD
LG