Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шартномаи Кумитаи олимпӣ бо дармонгоҳи «Bad Pyrmont»


Бинои Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Бинои Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дармонгоҳи «Bad Pyrmont» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотиву таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод.

Ӯ афзуд, “ба шартнома Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Тетер Миддел, роҳбари дармонгоҳи «Bad Pyrmont»-и Олмон имзо карданд. Дар доираи шартномаи мазкур ҷонибҳо дар соҳаи рушди ҳаракати олимпӣ, тибби варзишӣ ва ташхису шикастабандии тиббӣ, муолиҷаю барқароркунии саломатии варзишгарони тоҷик дар Олмон ҳамкорӣ менамоянд. Айни замон ҷонибҳо барои дар сатҳи баланд омода кардани варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии Лондон-2012 ҳамкориро оғоз намуданд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Нуров, ҳамзамон дармонгоҳи мазкур барои омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тибби варзишии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат мекунад ва ҳамкориро бо КМОТ ба таври имтиёзнок ба роҳ мемонад.

Бояд тазаккур дод, дар ин дармонгоҳ варзишгарони шинохтаи тоҷик - Расул Боқиев, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин, Комроншоҳи Устопириён, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо байни ҷавонон ва Алишер Гулов, соҳиби роҳхати Олимпиадаи Лондон-2012 дар риштаи таэвондо WTF, ташхиси тиббиро барои давраҳои барқароршавӣ гузаштаанд.

Дар ин дармонгоҳ табобат ва барқароршавии саломатии варзишгарон баъди латхӯрӣ ва беморӣ бо истифода аз навтарин усулҳои тиббӣ ва ташхиси муосир гузаронида мешавад.

Дармонгоҳ тамоми табобати барқароршавии варзишгарони тоҷикро ба таври ройгон анҷом медиҳад ва инчунин, ба 5 нафар мутахассисони соҳаи тибби варзишии Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ мусоидат менамояд.
XS
SM
MD
LG