Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё сарбозони гумшудаашро меҷӯяд


Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, шаш сарбозаш дар Афғонистон бенишон шудаанд ва зоҳиран бар асари инфиҷори зиреҳпӯшашон кушта шудаанд. Ба гуфтаи вазорат, мошини сарбозон дар вилояти ҷанубии Ҳилманд зимни гаштзанӣ ба бомб бархӯрдааст. Бритониё аз соли 2001 то кунун дар Афғонистон тақрибан 400 сарбозашро талаф додааст. Як сарбози бритониёиро рӯзи 13 феврал дар ҳамин вилоят кушта буданд.
XS
SM
MD
LG