Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А.Юнусов: “Орзуи ман ба даст овардани медали олимпист”


Анвар Юнусов, муштзани тоҷик

Анвар Юнусов, муштзани тоҷик

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 килограмм бо медали биринҷӣ сарфароз гашт ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид.

Анвар Юнусов дувумин бор соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Ӯ соли 2008-ум дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 51 килограмм байни панҷ муштзани беҳтарини дунё ҷойгир шуда буд.

Ин муштзани 25-солаи тоҷик, инчунин, порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ дар даври ниҳоӣ бар рақиби худ Отгондалай Дорҷниамбуу аз Муғулистон пирӯз шуд ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Анвар Юнусов бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзиш, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон баргузор кард, беҳтарин варзишгари кишвар дар соли 2011-ум эълон шудааст.

Анвар Юнусов, ки 1-уми феврали соли 1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, 11 сол инҷониб таҳти раҳбарии мураббии варзида Мирзо Шамсиев ба бокс машғул аст. Вай нахуст мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ва соли 2008-ум Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Анвар Юнусов дар ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Чин, Туркия, Тайланд, Озарбойҷон, Куриёи Ҷанубӣ, Русия ва ғайра шарафи кишварро муваффақона ҳимоя кардааст. Вай орзу дорад, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 соҳиби медали олимпӣ шавад. Барои ноил шудан ба ин мақсади худ дар айни ҳол аз рӯи барномаи махсуси тартибдодаи устодаш тамрин мекунад.

Анвар Юнусов имсол дар бокси ҳирфаӣ дар сабқати WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар ҳайати бошгоҳи “Динамо”-и Маскав се пирӯзӣ ба даст овард ва дар як қувваозмоӣ мағлуб шуд. «Динамо” ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Анвар дар ҳайати “Динамо” дар қувваозмоиҳои ҳалкунанда, ки моҳи март баргузор мешаванд, ширкат хоҳад кард. Ӯ бар асоси қарордод бо “Динамо” то моҳи июн дар шаҳри Маскав тамрин мекунад ва ба Бозиҳои олимпии Лондон омодагӣ мебинад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG