Пайвандҳои дастрасӣ

"Берунрехти санадҳои "Звезда.ру" таҳқиқ мешавад"


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Додситонии кулл ба таҳқиқи матлаби «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб», ки дар "Zvezda.ru" ба нашр расида буд, оғоз кардааст.

Ин матлабро генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон субҳи чаҳоршанбе дар ҳошияи баргузории ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба хабарнигорон баён дошт.



Аз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи имзои ӯ зери яке аз ин санадҳо пурсида шуд, вале ҷаноби Раҳимов боз ҳам ишора ба санҷиши Додситони кулли Тоҷикистон кард.

Ҳафтаи гузашта дар торнамои "Звезда.ру" мақолае зери унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" ба табъ расид, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳрезии барномаи муфассали таъқиби мухолифин муттаҳам мешавад.

Дар ин мақола, ки бо имзои хабарнигор Строкан дар нашр шуда буд, мақомоти Тоҷикистон ба роҳандозии сиёсати фишору зӯроварӣ ба ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ва бозгашт ба мухолифатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Муаллифони мақола дурустии таҳлили худро бо нашри чанд санад, ки гуфта мешавад аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон берун шудааст, тавҷеҳ кардаанд.

Аммо оқои Сергей Строкан, шореҳи ҳафтавори “Коммерсант”, чопи Маска ба дунболи нашри ин матлаб гуфт, ӯ ба мақолаи "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб", ки ибтидои моҳи март дар торнамои русзабони "Полярная Звезда" ба табъ расидааст, ҳеҷ иртиботе надорад. Вай гуфт, намедонад, муаллифони воқеӣ бо кадом ҳадаф аз номи ӯ истифода кардаанд.

Мақомоти тоҷик ҳам мақолаи "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб"-ро бӯҳтон номиданд.

Ба дунболи нашри ин матлаб, аз рӯзи шанбеи 3-юми март ба ин сӯ дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва чанде аз сомонаҳои интернетӣ маҳдуд шудааст. Ширкатҳои интернетрасон мегӯянд, нашри чанд матлаби интиқодӣ ва пайнавишти як ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон сабаби ин иқдом гардидааст.

Дар ҳамин ҳол Анҷумани ширкатҳои интернетрасон аз Хадамоти алоқа хостааст, то дастури бастани баъзе торнамоҳоро лағв намояд. Ин анҷуман дар муроҷиатномае, ки субҳи сешанбе, 6-уми март, дастраси расонаҳо шуд, бастани баъзе аз торнамоҳоро натиҷаи "бархӯрди ғайриҳирфаӣ ва беасос" донистааст.

Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон гуфтааст, мухолифи чунин маҳдудиятҳо буда, аз раҳбарияти кишвар ва ҷомеаи байнулмилалӣ мехоҳад, то ба ин масъала таваҷҷӯҳ намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG