Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳали дипломатии масъалаи Эронро истисно намедонад


Барак Обама ҳангоми суханронӣ дар Кохи Сафед
Барак Обама ҳангоми суханронӣ дар Кохи Сафед
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ба бовари вай ҳанӯз “даричаи имконот” барои ҳали мубоҳисот бар сари барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон вуҷуд дорад, то аз нируи низомӣ кор гирифта нашавад. Вай зимни суханони худ дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед қавл дод, ки бо Эрон бахӯрди “ҳушмандона” хоҳад кард. Обама афзуд:

“Барои ҳали ин масъала Эрон бояд бар сари мизи музокира биншинад ва ошкорову рӯшан ба маҳофили байналмиллалӣ исбот кунад, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез аст. Онҳо медонанд, ки ин корро чӣ тавр анҷом диҳанд. Ин асроре надорад”.

Дар гузаштаи наздик оқои Обама гуфта буд, ки роҳи ҳали низомӣ ҳанӯз по бар ҷост, агар Теҳрон нахоҳад аз барномаҳои густариши аслиҳаи ҳастаӣ даст кашад.

Обама ҳамчунин рад кард, ки Амрико бар зидди режими Башор Асад дар Сурия ба таври якҷониба тасмим нахоҳад гирифт, зеро маҳофили байналмиллалӣ дар маъракаи зидди режими Башор Асад мавзеъгирии яксон надоранд. Вай ёдоварӣ кард, ки барои сарнагунии режими Муаммар Қаззофӣ дар Либия ҷаҳониён ҳамфикр буданд. Вале Русияву Чин дар мавриди Сурия бар зидди қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ рай доданд.
XS
SM
MD
LG