Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар ҷоми раиси АФК бозӣ мекунад


Дар Куала-Лумпур барои ширкат дар бозиҳои ҷоми раиси Конфедератсияи Футболи Осиё дар соли 2012 қуръакашӣ сурат гирифт. Дар ин мусобиқа 12 кишвари Осиё ширкат хоҳанд кард. “Истиқлол”-дастаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаи Ал Амарӣ аз Фаластин, Дордоу” аз Қирғизистон, “Пномпен”-и Камбоҷа, “Непал полис клаб”-и Непал ва “Йездин”-и Бутан бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои гурӯҳӣ аз 3 то 13 май дар Тоҷикистону Покистон ва Камбоҷа баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG