Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шимоли Афғонистон 40 нафар зери тарма мондаанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи лағзиши тарма дар минтақаи шимоли шарқи кӯҳистонии ин кишвар ду деҳа зарар дидааст ва 40 нафар ҷон додаанд. Сухагӯи волии вилояти Бадахшон ба матбуот гуфт, гурӯҳҳои наҷот афроди зиндамондаро наҷот медиҳанд ва ҷустуҷӯи афроди зери тарма монда идома дорад. Барои кӯмак ба бозмондагон чархболҳои артиши миллӣ ба минтақаи офат фиристода шудаанд.
XS
SM
MD
LG