Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус ба пастор иҷозаи мулоқот бо зиндониро надод


Мақомоти зиндони Беларус иҷоза надоданд, ки як шахсияти мазҳабӣ бо Сергей Каваленко-яке аз фаъолони зиндонии мухолифон мулоқот кунад. Эрнест Сабила-пастори протестантҳо мехост дар шифохонаи зиндони Минск бо Каваленко мулоқот ва вайро ташвиқ кунад, ки аз гуруснанишинӣ даст кашад, зеро ин кор ба саломатии вай хатар дорад. Мақомоти зиндон гуфтанд, ки пастор барои ин кор бояд аз додгоҳе, ки Каваленкоро маҳкум кардааст, иҷоза бигирад. Каваленко 37 сол дорад ва моҳи феврал вайро гӯё барои нақзи қонун додгоҳи шаҳри Витебск 25 моҳ маҳкум ба зиндон кард. Баъд аз бад шудани вазъи саломатиаш вай ҳафтаи гузашта ба бемористони зиндони Минск интиқол дода шуд.
XS
SM
MD
LG