Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райдиҳии супер сешанбеи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Амрико


Дар 10 аёлати Амрико барои интихоби номзади ягона аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ райдиҳӣ давом дорад. Шахсе, ки аз ин ҳизб дар ин райдиҳиҳо пирӯз мешавад, бо Барак Обама-раиси ҷумҳури кунунӣ дар интихобот ширкат хоҳад кард. Интихобот моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар ин иёлот 419 райдиҳанда аз номи 1 144 намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба истилоҳ дар “Супер-Сешанбе”рай медиҳанд ва он 40 дарсади райи интихобкунандагон аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳро ташкил медиҳад. Ҳар номзаде, ки дар ин райдиҳиҳо пирӯз шавад, ба эҳтимоли зиёд номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Пешгӯӣ мекунанд, ки Мит Ромнӣ имконоти бештар дорад.
XS
SM
MD
LG