Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти Назарбоев дар бораи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ


Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи сешанбе дар Остона дар ҷаласаи кобинаи вазирони худ гуфт, ки бояд, масъалаи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ ҳал шавад, рӯдхонаҳое, ки оби онҳо аз Қазоқистону Чин ва Русия ҷорӣ мешавад. Назарбоев бидуни он, ки дар бораи далоили мушаххас сӯҳбат кунад, изҳор дошт, ки масъалаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ муҳим аст. Вай гуфт, “Об сарчашмаи стротегист ва барои рушди муназзам хеле муҳим аст”.

Ба гуфтаи Назарбоев, бештар аз 40 дарсади оби Қазоқистон аз хориҷ вориди қаламрави ин кишвар мешавад. Вай дастур дод, ки ба музокирот бояд суръат бахшид ва аз он натиҷа ба даст овард, аз музокироте, ки ҳамакнун бештар аз як даҳсола идома дорад. Қазоқистону Русия ва Чин мехоҳанд дар бораи истифода аз оби рӯдхонаи Иртиш мувофиқатнома имзо шавад.

Оби ин рӯдхона аз минтақаи мухтори Уйғури Чин сарчашма мегирад, минтақае, ки манобеи нафт кашф шудааст. Ба ин хотир ин кишвар аз минтақаҳои шарқии худ ба минтақаи Уйғури Шинҷон нируи бештари кориро сафарбар кардааст ва эҳтиёҷ ба об низ афзоиш ёфтааст. Чин барои таъмини ниёзмандиҳои рӯзафзуни худ дар ин минтақа аз рӯдхона оби бештар мегирад ва ба ду кишвари дигари поёноб ба Қазоқистону Русия оби камтар ҷорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG