Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ҳафт ҷангҷӯ дар Балуҷистони Покистон


Бар асари чанд задухӯрд дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, ҳафт ҷангҷӯ кушта шуданд.

Дар канори шаҳри Дера Буггӣ корвони мошинҳои нерӯҳои амниятӣ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, чаҳор нафар, аз ҷумла, ду фармондеҳе, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.

Даргирии дигар дар канори шаҳри Уч ба вуқӯъ пайваст, ки дар он се ҷангҷӯ кушта шуда, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG