Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Теҳрон барои эҳёи музокирот пазируфта шуд


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо донишмандони бахши ҳастаӣ

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо донишмандони бахши ҳастаӣ

Панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон бо пешниҳоди Теҳрон барои эҳёи музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон розӣ шуданд. Дар ин бора раиси бахши раёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон хабар дод.

Вақт ва макони баргузории музокирот алҳол маълум нест. Гуфтушунидҳои қаблӣ дар Туркия бенатиҷа поён ёфта буданд.

Имрӯз мақомоти Эрон изҳор намуданд, ки ба нозирони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ иҷозаи вуруд ба муассисаи ҳастаии Порчинро хоҳанд дод. Намояндаи Эрон дар МАГАТЭ гуфт, Теҳрон ба ин васила мехоҳад намоиш диҳад, ки дар ин мавзӯъ асроре мавҷуд нест.

Моҳи гузашта нозирони МАГАТЭ ба Эрон сафар карда буданд ва аммо мақомоти кишвар ба онҳо иҷозаи вуруд ба муассисаи Порчинро надоданд. ИМА ва Ғарб Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд, Теҳрон дар посух мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG