Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни даргириҳо дар Зинҷибар афзоиш ёфт


Теъдоди низомиёни яманӣ, ки бар асари задухӯрд бо мусаллаҳони “Ал-Қоида” дар шаҳри Зинҷибар ва атрофи он кушта шудаанд, ба 185 нафар расид. Ба иттилои вазорати дифоъ, наҷотбахшон дар биёбон ҷасадҳои навро пайдо мекунанд. Дар задухӯрдҳо дасти кам 25 тан аз мусаллаҳони “Ал-Қоида” ҳам кушта шудаанд.

Амалиёти низомии “Ал-Қоида” алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ – вокуниш ба даъвати раисиҷумҳури нави Яман Мансур Ҳодӣ барои бархостан ба муборизаи беамон бо ин шабака арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG