Пайвандҳои дастрасӣ

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур имрӯз, 6-уми март қуръакашии Ҷоми раиси AFC-2012 баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашӣ рақибони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи интихобии гурӯҳӣ муайян шуданд. Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои«Ал-Аморӣ» (Фаластин), «Балкан» (Туркманистон) и СК «Ратнам» (Шри-Ланка) рақобат хоҳад кард.

Дар Ҷоми раиси AFC қаҳрамонҳои 12 кишвар – «Дҳамондӣ» (Бангладеш), «Йездин» (Бутан), «Пномпен» (Камбоҷа), «Тайван Пауэр Компани» (Тайван), «Дордой» (Қирғизистон), «Эрчим» (Муғулистон), «Непал полис клаб» (Непал), «Озмоишгоҳи Хон» (Покистон), «Ал-Аморӣ» (Фаластин), СК «Ратнам» (Шри-Ланка), «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Балкан» (Туркманистон) ширкат мекунанд.

Дар даври пешакӣ дувоздаҳ даста дар се гурӯҳ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи ҳалкунанда шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, барои Ҷом мубориза мебаранд.

Бозиҳои сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси AFC аз 3-юм то 13-уми майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, Камбоҷа ва Покистон баргузор мешаванд.

Тими «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, порсол ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд, вале дар марҳилаи ҳалкунанда дар Тайван аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромада натавонист.

Дастаи «Тайван Пауэр Компани», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Пномпен»-и Камбоҷа бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC маҳсуб мешавад.

Ба ғолиби Ҷоми раиси АFC-2012 50 ҳазор доллар ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми раиси AFC-2012:

Гурӯҳи «А»: «Озмоишгоҳи Хон» (Покистон) - мизбон, «Тайван Пауэрс Компани» (Тайван), «Шайх Ҷамол» (Бангладеш), «Эрчим» (Муғулистон).

Гурӯҳи «В»: «Пномпен Краун» (Камбоҷа) - мизбон, «Дордой» (Қирғизистон), «Непал Полис Клаб» (Непал), «Йедзин» (Бутан).

Гурӯҳи “С”: «Истиқлол» (Душанбе) – мизбон, «Балкан» (Туркманистон), «Марказ Шабоб Ал-Аморӣ» (Фаластин), СК «Ратнам» (Шри-Ланка).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG